| Китобхона - Мусулмони воқеӣ дар партави Қуръон ва Суннат |
Муқаддима
Мусулмоне, ки аз аҳкоми дини худ огоҳ ва бохабар аст, табиатан як шахси иҷтимоӣ мебошад, зеро ӯ дар ҳаёт соҳиби як рисолат аст. Соҳибони рисолатҳоро ҳатман лозим аст, ки бо мардум дар алоқа бошанд, бо онҳо омезиш ёбанд, муомила кунанд ва додугирифт дошта бошанд.
Инсони мусулмон ба сабаби он аҳкоми дини ҳақ, ки омӯхтааст ва ба сабаби таҷассуми ахлоқи волову наҷиби инсоние, ки дин ӯро ба он даъват намудаву ба риояи он дар муносибатҳои иҷтимоӣ тарғиб кардааст, як шахси иҷтимоии дараҷаи аввал ё дараҷаи баланд мебошад.
Шахсияти иҷтимоии мусулмон, ки аз ҳидояти Қуръони карим нур гирифта, аз чашмаи суннати поки набавӣ сероб гаштааст, як шахсияти ягона ва беназир аст. Онро наметавон бо он шахсиятҳои иҷтимоие қиёс намуд, ки низомҳои сохтаи муосир (қонунҳои башарӣ) ва шариатҳои қадима тарбия намудаанд. Он нафароне, ки файласуфону мутафаккирон барои сохтан ва таҳия намуданашон заҳмат кашидаанд.
Ин як шахсияти воломақом ва барҷастаи иҷтимоӣ аст, ки онро маҷмӯи хеле бузурги ахлоқи ҳамида ташаккул додааст. Он ахлоқе, ки матнҳои ин дини пок аз Қуръони карим ва ҳадиси шариф баён намудааст. Ва ороста шудан ба онро бахше аз дин қарор додаанд, ки инсон барои иҷрояш савоб мегирад ва барои тарки он муҳосаба ва бозхост мешавад. Аз ин рӯ, ин дин тавонист, ки аз шахсияти мусулмони содиқу ростгӯ як намунаи нодир ва барҷастае аз инсони иҷтимоии пешрафта, боадаб, ботақво, хайрхоҳ ва покдоман бисозад.
Пажӯҳишгаре, ки аз ин матнҳо дар сарчашмаҳои аслиашон мутолиа намуда ва огоҳ аст, аз фаровонӣ, фарогирӣ, ҳамаҷонибагӣ ва дақиқии онҳо ба ҳайрат меафтад; зеро ин матнҳо ҳеҷ ҷанбае аз ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиро фурӯ нагузошта, ба ҳамаи онҳо пардохтаанд ва сухани худро дар он бора гуфтаанд. Ин матнҳо ба он мақому ҷойгоҳи баланди дурахшон ва покизае ишора мекунанд, ки Ислом хостааст мусулмон ба он бирасад. Ва ҳар гоҳ ки ҳақиқати Ислом дар қалби ӯ устувор гардад, ҳидояти дурахшони он дар паҳнои вуҷудаш ҷорӣ шавад, нишоту хушҳолии он бо рӯҳаш омезиш ёбад ва арзишҳои он тамоми вуҷуди ӯро аз нав бисозад, ӯ бешак ба он ҷойгоҳ хоҳад расид.
Пояи унсурҳои шахсияти иҷтимоии мусулмон ин риояи ҳудуди илоҳӣ дар рафтори иҷтимоӣ ва муомилааш бо мардум аст. Аз ҳамин асли бузурги усули ақидаи исломӣ он ахлоқи иҷтимоие шоха мегирад, ки мусулмони ботақвову ҳассос дар рафтори худ ба он ороста мегардад ва дар асоси ҳамин таҳкурсии устувор мусулмони ростгӯ муносибатҳои иҷтимоии худро бо мардум барпо мекунад.
Шарҳ ва тавзеҳи матн
Мазмуни асосии ин муқаддимаро метавон дар чаҳор нуктаи калидӣ чунин шарҳ дод:
•Мусулмон — инсони фаъолу иҷтимоӣ: Ислом дини гӯшанишинӣ ва дурӣ ҷустан аз мардум нест. Азбаски мусулмон дар зиндагӣ соҳиби паём ва рисолати нек аст, ӯ бояд дар миёни ҷомеа бошад, бо мардум муошират кунад ва дар корҳои хайр саҳм гузорад.
•Бартарии ахлоқи исломӣ нисбат ба қонунҳои башарӣ: Қонунҳое, ки инсонҳо месозанд, маҳдуд ҳастанд ва танҳо зоҳири рафторро танзим мекунанд. Аммо ахлоқи исломӣ, ки сарчашмааш Қуръон ва Суннат аст, ҳам зоҳир ва ҳам ботини инсонро тарбия мекунад. Дар Ислом рафтори нек бо мардум танҳо як одати хуб нест, балки ибодат аст, ки барои он савоб дода мешавад ва барои таркаш инсон дар назди Худо ҷавобгар аст.
•Фарогирии таълимоти иҷтимоии Ислом: Ҳар касе, ки китобҳои аслии исломиро бо диққат омӯзад, мебинад, ки Ислом барои ҳамаи бахшҳои зиндагӣ — аз муносибат бо падару модар ва ҳамсоя то тиҷорату роҳбарии ҷомеа — роҳнамоии дақиқ дорад. Вақте ин арзишҳо дар дили инсон ҷой мегиранд, ӯ ба як инсони комил, боадаб, покдоман ва фоидаовар барои ҷомеа табдил меёбад.
•Пояи асосии муносибатҳо — тақво ва ҳудуди илоҳӣ: Асоси ҳамаи рафторҳои неки мусулмон дар ҷомеа ин риояи ҳудуд ва қонунҳои Худованд аст. Мусулмони воқеӣ дар муомила бо дигарон на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки бар пояи тақво, ростгӯӣ ва парҳезгорӣ амал мекунад.
Боби нӯҳум:Шахсияти мусулмон бо ҷомеаи худ
Муқаддима:
Мусулмоне, ки аз аҳкоми дини худ огоҳ ва бохабар аст, табиатан як шахси иҷтимоӣ мебошад, зеро ӯ дар ҳаёт соҳиби як рисолат аст. Соҳибони рисолатҳоро ҳатман лозим аст, ки бо мардум дар алоқа бошанд, бо онҳо омезиш ёбанд, муомила кунанд ва додугирифт дошта бошанд.
Инсони мусулмон ба сабаби он аҳкоми дини ҳақ, ки омӯхтааст ва ба сабаби таҷассуми ахлоқи волову наҷиби инсоние, ки дин ӯро ба он даъват намудаву ба риояи он дар муносибатҳои иҷтимоӣ тарғиб кардааст, як шахси иҷтимоии дараҷаи аввал ё дараҷаи баланд мебошад.
Шахсияти иҷтимоии мусулмон, ки аз ҳидояти Қуръони карим нур гирифта, аз чашмаи суннати поки набавӣ сероб гаштааст, як шахсияти ягона ва беназир аст. Онро наметавон бо он шахсиятҳои иҷтимоие қиёс намуд, ки низомҳои сохтаи муосир (қонунҳои башарӣ) ва шариатҳои қадима тарбия намудаанд. Он нафароне, ки файласуфону мутафаккирон барои сохтан ва таҳия намуданашон заҳмат кашидаанд.
Ин як шахсияти воломақом ва барҷастаи иҷтимоӣ аст, ки онро маҷмӯи хеле бузурги ахлоқи ҳамида ташаккул додааст. Он ахлоқе, ки матнҳои ин дини пок аз Қуръони карим ва ҳадиси шариф баён намудааст. Ва ороста шудан ба онро бахше аз дин қарор додаанд, ки инсон барои иҷрояш савоб мегирад ва барои тарки он муҳосаба ва бозхост мешавад. Аз ин рӯ, ин дин тавонист, ки аз шахсияти мусулмони содиқу ростгӯ як намунаи нодир ва барҷастае аз инсони иҷтимоии пешрафта, боадаб, ботақво, хайрхоҳ ва покдоман бисозад.
Пажӯҳишгаре, ки аз ин матнҳо дар сарчашмаҳои аслиашон мутолиа намуда ва огоҳ аст, аз фаровонӣ, фарогирӣ, ҳамаҷонибагӣ ва дақиқии онҳо ба ҳайрат меафтад; зеро ин матнҳо ҳеҷ ҷанбае аз ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиро фурӯ нагузошта, ба ҳамаи онҳо пардохтаанд ва сухани худро дар он бора гуфтаанд. Ин матнҳо ба он мақому ҷойгоҳи баланди дурахшон ва покизае ишора мекунанд, ки Ислом хостааст мусулмон ба он бирасад. Ва ҳар гоҳ ки ҳақиқати Ислом дар қалби ӯ устувор гардад, ҳидояти дурахшони он дар паҳнои вуҷудаш ҷорӣ шавад, нишоту хушҳолии он бо рӯҳаш омезиш ёбад ва арзишҳои он тамоми вуҷуди ӯро аз нав бисозад, ӯ бешак ба он ҷойгоҳ хоҳад расид.
Пояи унсурҳои шахсияти иҷтимоии мусулмон ин риояи ҳудуди илоҳӣ дар рафтори иҷтимоӣ ва муомилааш бо мардум аст. Аз ҳамин асли бузурги усули ақидаи исломӣ он ахлоқи иҷтимоие шоха мегирад, ки мусулмони ботақвову ҳассос дар рафтори худ ба он ороста мегардад ва дар асоси ҳамин таҳкурсии устувор мусулмони ростгӯ муносибатҳои иҷтимоии худро бо мардум барпо мекунад.
Шарҳ ва тавзеҳи матн
Мазмуни асосии ин муқаддимаро метавон дар чаҳор нуктаи калидӣ чунин шарҳ дод:
· Мусулмон — инсони фаъолу иҷтимоӣ: Ислом дини гӯшанишинӣ ва дурӣ ҷустан аз мардум нест. Азбаски мусулмон дар зиндагӣ соҳиби паём ва рисолати нек аст, ӯ бояд дар миёни ҷомеа бошад, бо мардум муошират кунад ва дар корҳои хайр саҳм гузорад.
· Бартарии ахлоқи исломӣ нисбат ба қонунҳои башарӣ: Қонунҳое, ки инсонҳо месозанд, маҳдуд ҳастанд ва танҳо зоҳири рафторро танзим мекунанд. Аммо ахлоқи исломӣ, ки сарчашмааш Қуръон ва Суннат аст, ҳам зоҳир ва ҳам ботини инсонро тарбия мекунад. Дар Ислом рафтори нек бо мардум танҳо як одати хуб нест, балки ибодат аст, ки барои он савоб дода мешавад ва барои таркаш инсон дар назди Худо ҷавобгар аст.
· Фарогирии таълимоти иҷтимоии Ислом: Ҳар касе, ки китобҳои аслии исломиро бо диққат омӯзад, мебинад, ки Ислом барои ҳамаи бахшҳои зиндагӣ — аз муносибат бо падару модар ва ҳамсоя то тиҷорату роҳбарии ҷомеа — роҳнамоии дақиқ дорад. Вақте ин арзишҳо дар дили инсон ҷой мегиранд, ӯ ба як инсони комил, боадаб, покдоман ва фоидаовар барои ҷомеа табдил меёбад.
Пояи асосии муносибатҳо — тақво ва ҳудуди илоҳӣ: Асоси ҳамаи рафторҳои неки мусулмон дар ҷомеа ин риояи ҳудуд ва қонунҳои Худованд аст. Мусулмони воқеӣ дар муомила бо дигарон на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки бар пояи тақво, ростгӯӣ ва парҳезгорӣ амал мекунад.
Таҷдиди охирон (15.11.26 11:42)