Таърихчаи оби Замзам
| Китобхона - Қуръон в улуми он |
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду ли-л-лоҳ ва-с-салоту ва-с-салому ъало расули-л-лоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин:
Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст ва акнун беш аз панҷ ҳазор сол аз зуҳури ин оби гуворо ва шифобахш аз замони ҳазрати Исмоъил ъалайҳи-с-салом то кунун мегузарад. Замзам обе аст, ки Худованд онро ба унвони ҳадия ба муъминоне, ки аз маконҳои дурдаст барои зиёрати хонааш мушарраф мешаванд, арзонӣ доштааст. Он дорои фоидаҳои бисёре аст. Баъзе аз фоидаҳои оби Замзам ин аст, ки хастагиро азбайн мебарад ва баданро тақвият мекунад. Мушоҳида мекунем, ки зоирини хонаи Худо баъд аз тавоф ва хастагӣ, ҳангоме, ки оби Замзамро менӯшанд, эҳсоси хастагӣ аз онон дур мешавад ва фаъолтар мешаванд. дар ин китоби мухтасар саъй намудаем, ки чанде аз фазилатҳо, одоб, хосият ва хусусиятҳои оби Замзамро зикр намоем. Умед аст, ки мавриди истифодаи азизон қарор бигирад. Ва аз Худованди субҳон масъалат дорам, ки ин амалро аз банда бипазирад.
Алҳамду ли-л-лоҳи ра-б-бил ъоламин
Таърихчаи оби Замзам
Достони зоҳир шудани оби Замзам бо достон ва саргузашти ҳазрати Иброҳим ва ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандашон ҳазрати Исмоъил иртибот дорад. Ҳазрати Иброҳим (а) ба дастури Худованд, ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоъилро, ки тоза (нав) таваллуд шуда буд, аз сарзамини Канъон (Фаластин) ба сарзамини хушк ва сӯзони Форон (Макка), ки на ҷондоре, на об ва алафе дошт, дар миёни дарраҳои кӯҳистонӣ, мутақил кард (кӯчонид), онҳо ҳеч зод ва тушае баҷуз як машки об ва кисае (халтае) хурмо чизе надоштанд. Ҳазрати Иброҳим (а) он дуро канори дарахти бузурге дар наздикии макони Каъба гузошт. Сипас аз Макка хориҷ шуд. Чун қасди баргаштан намуд, ҳамсараш ба дунболи ӯ ба роҳ афтод ва гуфт: Эй Иброҳим моро дар ин биёбоне, ки ҳеч кас ва ҳеч чизе вуҷуд надорад, раҳо мекуни ва куҷо меравӣ? Ҳоҷар чандин бор сухани хешро такрор кард. Аммо аз Иброҳим (а) ҷавобе нашунид. Онгоҳ Ҳоҷар гуфт: Оё Худованд ба ту чунин дастур додааст? Ҳазрати Иброҳим (а) фармуд: Бале. Ҳоҷар гуфт: Дар ин сурат, Худованд моро зоеъ намекунад.
Онгоҳ ҳазрати Иброҳим (а) ба роҳаш идома дод, то ин ки аз дидаи онон нопадид гардид. Пас дасти дуо ва тазарруъ ба даргоҳи Худои бениёз баланд кард ва арза дошт: "Парвардигоро! Ман бархе, (баъзе) аз фарзандонамро дар водии (хушк), беоб ва бегиёҳ, назди хонаи гиромии ту сокин сохтам. Парвардигоро! То намозро барпо доранд, пас ту дилҳои (гурӯҳе) аз мардумро ба онҳо моил бигардон ва аз меваҳо ба онҳо рӯзӣ деҳ, бошад ки онон сипосгузор гарданд". Сураи Иброҳим:37.
Ҳоҷар ва Исмоъил (а) танҳо монданд. Ҳоҷар аз он обе, ки ҳамроҳ дошт менӯшид, аз он хурмо мехӯрд ва кӯдакашро шир медод. То ин ки пас аз андак замоне оби ҳамроҳи Ҳоҷар тамом шуд ва ташнагӣ бар онҳо ғолиб шуд. Ташнагии фарзанд модарро ба талош барои ёфтани об водошт. Пас барои ҷустуҷӯи об ба ҳар сӯй медавид, шояд ки касеро биёбад ё ин ки ҷуръаи обе пайдо кунад. Паси кӯҳи Сафо аз ҳама наздиктар буд, бинобар ин Ҳоҷар дар паи об ба фарози кӯҳи Сафо рафт, вале чизе наёфт. Сипас аз Сафо поин омад ва давон-давон ба фарози кӯҳи Марва рафт. Онҷо низ чизе наёфт ва касеро надид. Ва ин фосилае миёни ду кӯҳи Сафо ва Марваро ҳафт бор паймуд ва то онҷо, ки тавонист саъй кард. Аммо талош ва саъйяш бенатиҷа буд. То ин ки ба муъҷизаи илоҳӣ баногоҳ дар канори ҳазрати Исмоъил чашмаи обе зоҳир шуд ва фаввора зад. Ҳоҷар аз тарси инки он об ба даруни замин фурӯ равад, миқдори хок ва шинро (қумро) атрофи он рехт ва обро дар онҷо нигоҳ дошт. Сипас машки худро пур кард ва ба фарзандаш дод ва худ нӯшид. Ин чашмаи муборак Замзам ном гирифт. Ва ба Ҳоҷар ва фарзандаш ҳаёти дубора бахшид.
Пас аз муддате қабоили Ҷурм, ки аз онҷо мегузаштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дар ин минтақа обе вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат онон бо касби иҷоза аз модари Исмоъил дар канори ин чашма, ки ба чоҳе табдил шуда буд ва оби фаровон дошт, сукунат гузиданд.
Ҳазрати Исмоъил (а) бузург шуд ва бо яке аз духтарони Ҷурҳумӣ издивоҷ кард ва сипас бо падараш ҳазрати Иброҳим (а) хонаи Каъбаро бино карданд. Пас аз чанде қабоили Кинона ва Хузоъа низ дар ҷивори (ҳамсоягии) Каъба сокин шуданд. Ҷурҳумиён ҳурмати Каъба ва ҳарамро поймол карданд. Онгоҳ Худованд оби Замзамро аз ҷӯшиш андохт ва хушк кард. Сипас Кинона ва Хузоъа Ҷурҳумиёнро берун ронданд ва худ бар сарзамини Макка мусаллат (ҳоким) гардиданд.[1]
Имом Бухорӣ (раҳ) достони ҳазрати Иброҳим ва ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандашон Исмоъил (а)-ро дар китоби Саҳеҳ аз забони Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин нақл мекунад:
Ибни Аббос (р) мегуяд: Аввалин бор, ки занон аз шолкамар истифода карданд ба тақлид аз модари Исмоъил, Ҳоҷар буд. Вай шолкамар истифода кард, то радди пояшро аз байн бибарад ва Сора онро набинад. Сипас, Иброҳим (а) Ҳоҷар ва фарзандаш, Исмоъилро, ки ширхора буд, бурд ва дар наздикии Байтуллоҳ (Хонаи Худо) зери дарахти бузурге, ки болотар аз Замзам дар қисмати болоии масҷид қарор дошт, гузошт. Дар он замон дар Макка ягон касе вуҷуд надошт ва об набуд. Иброҳим (а) онҳоро бо як кисаи (халтаи) хурмо ва як машки об, ҳамонҷо раҳо кард. Сипас, ба онҳо пушт кард ва ба роҳ афтод. Модари Исмоъил, ба дунболи ӯ ба роҳ афтод ва гуфт: Эй Иброҳим! Моро дар ин биёбоне, ки ҳеч кас ва ҳеч чизе вуҷуд надорад, раҳо мекунӣ ва куҷо меравӣ? Ва чандин бор ин ҷумларо такрор кард. Аммо Иброҳим (а) ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард. Онгоҳ Ҳоҷар гуфт: Оё Худованд ба ту чунин дастур додааст? Иброҳим (а) гуфт: Бале. Ҳоҷар гуфт: Дар ин сурат Худованд моро зоеъ нахоҳад кард, сипас баргашт. Иброҳим (а) ба роҳаш идома дод, то инки ба гарданаи кӯҳ, ҷое ки дигар онҳо ӯро намедиданд, расид. Онҷо рӯй ба сӯи Каъба кард ва дастҳояшро баланд намуд ва чунин дуо кард: Парвардигоро! Ман зан ва фарзандамро дар сарзамини бидуни кишт ва заръе (зироате) дар канори хонаи ту ки (таҷовуз ба) онро ҳаром сохтаи, сокин кардаам, то намозро барпо доранд. Сипас ту дилҳои гурӯҳе аз мардумро ба сӯи онон мутамоил кун ва онҳоро аз меваҳо рӯзӣ ва ато фармо, бошад ки сипосгузорӣ кунанд.
Ва Ҳоҷар низ Исмоъилро шир медод ва аз он об, менӯшид, то ин ки оби машкаш тамом шуд. Онгоҳ ӯ ва фарзандаш ташна шуданд. Ӯ фарзандашро медид, ки аз шиддати ташнагӣ ба худ мепечид ва ё поҳояшро ба замин мезанад.
Ҳоҷар, ки наметавонист шоҳиди ин саҳна бошад, ба роҳ афтод ва болои кӯҳи Сафо, ки онро наздиктар ёфт, рафт ва дар онҷо истод ва ба сӯи рудхона нигоҳ кард, ки оё касеро мебинад? Вале касеро надид. Сипас, аз кӯҳи Сафо поин омад, то ба рудхона расид. Онгоҳ гушаи пироҳанашро боло кашид ва монанди касе, ки дучори мушкил шуда бошад, давид, то ин ки аз рудхона гузашт. Сипас, болои кӯҳи Марва рафт ва онҷо истод ва нигоҳ кард, ки оё касеро мебинад? Вале касеро надид. Ва ҳафт бор ин амалро такрор намуд.
Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Пас ба ҳамин хотир аст, ки мардум байни Сафо ва Марва саъй мекунанд".
Саранҷом ҳангоме, ки мушарраф ба кӯҳи Марва шуд, садое шунид. Ба худ гуфт: Сокит бош. Онгоҳ хуб гуш фаро дод. Дубора ҳамон садоро шунид. Сипас гуфт: Садоятро ба гушам расониди, агар метавонӣ ба ман кумак кун. Ногаҳон, фариштаеро канори ҷойгоҳи Замзам дид, ки бо пояш ва бо болаш ба замин мезанад, то ин ки об берун омад. Сипас Ҳоҷар, обро ҷамъ кард ва бо дасташ ҷилави (пеши) онро гирифт. Ва аз он об бар медошт ва дар машк мерехт. Ва пас аз ҳар бор бардоштан, об ҳамчунон фаварон мекард (ҷӯш мезад).
Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Худованд Модари Исмоъилро раҳмат кунад, агар ӯ Замзамро раҳо мекард" ё ин ки фармуд: "Агар ӯ аз он об барнамедошт, Замзам чашмаи ҷорӣ ва равон мешуд".
Ровӣ (ривояткунанда) мегуяд: Ӯ об нӯшид ва фарзандашро шир дод. Фаришта ба ӯ гуфт: Аз ҳалок шудан натарс. Зеро инҷо хонаи Худост, ки ин писар ва падар онро хоҳанд сохт. Ва Худованд дӯстонашро зоеъ намегардонад. Гуфтанӣ аст, ки ҷои хонаи Каъба, замине муртафеъ (баланд) ва теппамонанде буд, ки сел аз чап ва рости он мегузашт.
Ҳоҷар ин гуна зиндагӣ мекард, то инки иддае (чанде) аз қабилаи Ҷурҳум аз роҳи Кадоъ меомаданд. Дар қисмати поини Макка таваққуф карданд ва паррандаеро, ки ғолибан даври об мегардад дар онҷо диданд. Гуфтанд: Ин парранда атрофи об давр мезанад ва аз замоне, ки мо ин рудхонаро мешиносем обе дар он вуҷуд надоштааст. Сипас, як ё ду нафарро фиристоданд. Ногаҳон, онон об диданд ва баргаштанд ва хабари обро бар эшон оварданд. Онон ба сӯи об рафтанд ва дар канори об модари Исмоъилро диданд. Ба ӯ гуфтанд: Оё ба мо иҷоза медиҳӣ, ки назди ту бимонем? Гуфт: Бале. Вале шумо ҳечгуна ҳақе аз об надоред. Гуфтанд: Бошад.
Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Модари Исмоъил, ки унс гирифтан бо мардумро дӯст дошт, пешниҳоди ононро пазируфт. Онҳо ҳам дар онҷо таваққуф карданд ва касонеро барои овардани хонаводаҳояшон фиристоданд. Онон низ омаданд ва дар онҷо сукунат гузиданд, тавре ки чанд хонавода аз қабилаи Ҷурҳум дар онҷо ҷамъ шуданд.
Исмоъил (а) рушд карду навҷавон гардид ва араберо аз онон фаро гирифт. Дар ин ҳангом, мавриди писанди онон воқеъ шуд ва онҳо ӯро инсоне бо арзиш медонистанд. Аз ин ҷиҳат ҳангоме, ки ба синни булуғ расид, яке аз духтаронашонро ба никоҳи ӯ дароварданд. Ва пас аз муддате, модари Исмоъил фавт кард. Саранҷом, баъд аз издивоҷи Исмоъил, Иброҳим (а) омад, то хонаводаашро, ки ба хотири Худо раҳо карда буд, сар бизанад (хабар бигирад). Пас ба хонаи Исмоъил омад, вале ӯ онҷо набуд. Аз ҳамсараш дар бораи ӯ пурсид. Ҳамсараш гуфт: Барои касби ризқи мо берун рафтааст. Сипас, Иброҳим (а) ҷӯёи вазъи маъишатӣ ва зиндагии онон шуд. Гуфт: Вазъи мо хеле бад аст. Дар тангно ва сахтӣ басар мебарем. Ва хулоса ин ки забони шиква (шикоят кардан) кушод. Иброҳим (а) гуфт: Ҳангоме, ки ҳамсарат омад, ба ӯ салом бирасон ва бигӯ, то остонаи дарвозаи хонаашро тағйир диҳад. Ҳангоме, ки Исмоъил омад, бӯи ошное эҳсос кард. Аз ин ҷиҳат пурсид: Оё касе назди шумо омадааст? Гуфт: Бале пирамарде чунин ва чунон, назди мо омад ва суроғи туро гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ту куҷо рафтаи. Ва ҳамчунин аз вазъи зиндагии мо пурсид. Ба ӯ гуфтам, ки дар сахтӣ ва машаққат басар мебарем. Исмоъил гуфт: Оё ба ту супорише кард? Гуфт: Бале, ба ман дастур дод, ки ба ту салом бирасонам ва гуфт: Остонаи дари хонаатро иваз кун. Исмоъил гуфт: Ӯ падари ман аст ва дастур додааст, то аз ту ҷудо шавам. Пас назди хонаводаат бирав. Ингуна ӯро талоқ дод ва бо зани дигаре аз ин қабила издивоҷ кард. Иброҳим (а) барои муддате, ки Худо мехост, назди онон наёмад. Сипас омад ва бори дигар Исмоъилро наёфт. Назди ҳамсараш рафт ва суроғи Исмоъилро гирифт. Гуфт: Ба талаби рӯзӣ берун рафтааст. Пурсид: Ҳоли шумо читавр аст? Ва ҷӯёи вазъи маишатӣ ва зиндагии онон шуд. Гуфт: Мо дар осӯдагӣ ва осоиш басар мебарем ва Худоро ситоиш намуд. Иброҳим (а) пурсид: Ғазои (хӯроки) шумо чист? Гуфт: Гушт. Пурсид: Ошомидании шумо чист? Гуфт: Об. Иброҳим (а) дуо кард ва гуфт: Худоё! Дар гушт ва оби онон баракат иноят фармо".
Расули Худо (с) фармуд: "Он замон, дар Макка ҳубуботе вуҷуд надошт, вагарна барои онҳо низ дуои баракат менамуд. Ба ин ҷиҳат ҳаркас берун аз Макка танҳо ба хурдани гушт ва об иктифо кунад, барояш носозгор хоҳад шуд".
Иброҳим (а) гуфт: Ҳангоме, ки ҳамсарат омад, ба ӯ салом бирасон ва бигӯ: Остонаи дари хонаатро муҳкам нигаҳ дор. Вақте ки Исмоъил омад, пурсид: Оё касе назди шумо омадааст? Гуфт: Бале, пирамарди хушқиёфа назди мо омад, ки дорои чунин сифатҳои хубе буд. Онгоҳ, суроғи туро гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ту куҷо рафтаи. Сипас аз вазъи зиндагии мо пурсид. Ба ӯ гуфтам, ки мо дар осоиш басар мебарем. Исмоъил пурсид: Оё ба ту васияте кард? Гуфт: Бале, ба ту салом расонад ва дастур дод, то остонаи дари хоаантро муҳкам нигаҳ дори. Гуфт: Ӯ падари ман будааст ва манзур аз остонаи дар, туи. Ба ман дастур додааст, то бо ту зиндагӣ кунам. Сипас, Иброҳим (а) барои муддате, ки Худо мехост назди онон наёмад. Баъд аз он, замоне омад, ки Исмоъил, наздики Замзам ва зери дарахти бузург машғули тарошидан ва сохтани тире буд. Ҳангоме, ки падарашро дид, бархост ва ба сӯи ӯ рафт. Ва рафтореро, ки шоистаи падар нисбат ба фарзанд ва фарзанд нисбат ба падар буд, анҷом доданд. Сипас, Иброҳим (а) гуфт: Исмоъил! Худованд маро ба анҷоми коре, амр кардааст. Исмоъил гуфт: Ончиро, ки Парвардигорат ба ту дастур додааст, анҷом деҳ. Гуфт: Оё ту ба кумак мекуни? Гуфт: Кумакат мекунам. Гуфт: Ҳамоно Худованд ба ман дастур додааст, то инҷо хонае бисозам. Ва бо дасташ ба сӯи теппаҳои муртафеъ (баланд)-и атрофаш ишора кард. Ровӣ (ривояткунанда) мегуяд: Инҷо буд, ки пояҳои хонаи Худоро бино ниҳоданд. Исмоъил (а) санг меовард ва Иброҳим (а) банноӣ (бинокорӣ) мекард. Ҳангоме, ки деворҳои он боло меравад, Ислоил ин санг (-е ки ба мақоми Иброҳим (а) маъруф аст)-ро овард ва Иброҳим (а) бар он истод ва банноӣ мекард ва Исмоъил ба ӯ санг медод. Ва ҳарду чунин дуо мекарданд:
"Раббано тақабал минно иннака анта-с-самиъ-у-ъалим", Сураи Бақара, яъне Парвардигоро! Аз мо бипазир, ҳамоно ту шунаво ва донои. Саҳеҳи Бухорӣ: 3364.
Абдулмутталиб ва ҳафри муҷаддади (азнав кандани) чоҳи Замзам
Ҳамчуноне, ки зикр намудем, Худованд Замзамро аз ҷӯшиш андохт ва хушк кард, ба тавре, ки макони он низ маҳв (нобуд) гардид. То даврони Абдулмутталиб ҷадди (бобои) бузургвори Расули Худо (с) махфӣ буд. Абдулмутталиб шабе дар хоб дид, ки ба ӯ гуфта мешавад: "Барра"-ро (яке аз номҳои Замзам аст) ҳафр кун (бикоб, бикан). Фардо боз дар хоб дид, ки ба ӯ мегуянд: "Мазнуна"-ро (аз номҳои Замзам аст) ҳафр кун. Дар рӯзи саввум низ ба ӯ гуфта шуд: "Тайиба"-ро (номи дигари Замзам) ҳафр кун. Ва дар рӯзи чорум дар хоб дид, ки ба ӯ гуфта шуд: "Замзам"-ро ҳафр кун. Онгоҳ дар хоб ҷойгоҳи Замзаб ба вай нишод дода шуд.
Пас Абдулмутталиб Қурайшро дар ҷараён гузошт ва онгоҳ худ бо кумаки фарзандаш "Ҳорис" ҳамон нуқтаи хосро ҳафр кард. Баъд аз инки миқдоре ҳафр намуданд, ногаҳон об фаввора зад ва боло омад. Ва чашмаи Замзам бори дигар зоҳир шуд. Абдулмутталиб дар канори он ҳавзе сохт ва ҳоҷиён ва зоирони хонаи Худо аз оби Замзам нӯшиданд ва сиқояти (обдиҳӣ)-и ҳоҷиёнро ба ӯҳда гирифт. Дар ҳангоми зуҳури Ислом сиқояти ҳуҷҷоҷ дар дасти Аббос ибни Абдулмутталиб, амаки Паёмбар (с) буд[2].
Чоҳи Замзам ва сарчашмаҳои он.
Беш аз панҷ ҳазор сол аз зуҳури оби гуворо ва шифобахши Замзам, аз замони ҳазрати Исмоъил (а) то кунун мегузарад. Ва аз замони ҳафри дубораи дар замони Абдулмутталиб то кунун ҳоҷиён аз он баҳраманд мешаванд. Чоҳи Замзам дар қурби (наздикии) Каъбаи мушаррафа воқеъ аст. Аммо акнун дар қитъаи зери замини матоф (ҷои тавоф кардан) дар умқи (чуқурии) 56/1 метрӣ қарор дорад. Дар фосилаи наздики Каъба ва мақоми Иброҳим дар самти чап, санге доираишакл қарор дорад, ки бар он навишта шуда: "Биър Замзам" (чоҳи Замзам). Баъд аз тавсеаи ҷадиди Ҳарам дар даврони Малик Фаҳд подшоҳи Саъудӣ, солунҳои ҷудогонае барои занон ва мардон, дар табақаи зери замини матоф (тавофгоҳ) сохта шуд ва зоирон аз он ширҳои об, ки онҷо насб шуда истифода мекунанд.
Чашмаҳое, ки чоҳи Замзамро тағзия мекунанд, иборат аз се чашма аст:
- чашмае дар муқобили Рукни Асвад (Ҳаҷару-л-асвад).
- ва чашаме дар муқобили кӯҳи Қубайс ва Сафо.
- ва чашмае дар муқобили Марва қарор дорад[3].
Дар соли 1400 ҳиҷрӣ шамсӣ, гурӯҳе аз муҳандисин (инжинерон) бо сарпарастии муҳандис Яҳё Кушак, ҳангоми поксозии чоҳи Замзам, тавонистанд, ки андозаҳои дақиқе аз умқи ҷоҳи Замзам ва ҳамчунин сарчашмаҳои он бадаст оваранд.
Муҳандис Яҳё Кушак мегуяд: Сарчашмаи аслии чоҳи Замзам аз самти Каъба, аз тарафи Ҳаҷару-л-асвад аст, ки тӯли он 45 см. ва иртифоъи (баландии) он 30 см. аст. Бештарини об аз ҳамин ноҳия меҷӯшад. Сарчашмаи дуввумии оби Замзам, равзанаи бузурге дар ҷиҳати Макрубия (аҷёд) мебошад, ки тӯли он 70см. аст. Ва ҳамчунин равзанаҳо ва сарчашмаҳои кӯчаке низ дар байни сангҳои девораҳои чоҳ қарор дорад, ки об аз байни онҳо низ берун меояд. Панҷ-то аз инҳо дар байни ду сарчашмаи равзанаи асосӣ қарор доранд, ки ба андозаи як метр аст. Ҳамчунин 21 равзанаи дигар вуҷуд дорад, ки аз канори равзанаи аслӣ оғоз мешавад ва дар самти кӯҳи Қубайс ва Сафо мебошад[4].
Номҳои Замзам.
Оби Замзам номҳои зиёде дорад, ва биёрии ном бар шараф ва бузургии мусаммо (номниҳодашуда) далолат мекунад. Аз онҷое, ки оби Замзам беҳтарин об бар рӯи замин аст ва оби шифобахш ва муборак аст, дорои исмҳои бисёре мебошад, ки аз номҳои он инҳоянд:
Барака, Барра, Бушро, Ҳазмаи Ҷибриил, Ҳафираи Абдулмутталиб, Мазнуна, Суқёи Исмоъил, Нофиъа, Маймуна, София, Шаббоъа, Тоҳира, Забия... мебошад[5].
Фазилатҳои оби Замзам
Дар бораи аҳамият ва фазилати оби Замзам ва фазилати нӯшидани он ривоятҳои бисёре аз Паёмбари бузургвори Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) нақл шудааст, ки мо дар ин ҷо ба бархе (баъзе) аз он ривоятҳо ишора мекунем:
- Абузарр (р) мегуяд: Расули Худо (с) фармуд: Иннаҳо муборакатун, иннаҳо таъому туъмин. Замзам оби муборак аст, ва ғизое аст, ки гуруснаро сер мекунад"[6].
- Дар ривояти дигар омадааст: "Замзам, ғизое барои гурусна ва шифое барои беморӣ аст"[7].
- Абдуллоҳ ибни Аббос мегуяд: Расули Худо (с) фармуд: "Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст"[8].
- Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд: "Оби Замзам барои он чизе аст, ки нӯшида шавад, пас агар барои талаби шифо онро бинӯшидӣ, Худованд ба ту шифо мебахшад ва агар барои сер шудан нӯшидӣ, Худованд туро сер мегардонад ва агар барои рафъи ташнагӣ нӯшидӣ, Худованд ташнагии туро бартараф месозад. Он гудоли (кандагӣ ва чуқурии) Ҷибриил ва нӯшидании Худованд барои ҳазрати Исмоъил аст[9].
Вижагиҳои (хусусиятҳои) оби Замзам
1- Оби Замзам аз назари таркиб дорои таркиби хосе аст. Аз замони ба вуҷуд омаданаш то кунун дорои таркиботи маъдании яксон будааст. Бовуҷуди истифодаи мудоми (ҳамешагии) оби Замзам, то ба ҳол ин чоҳ хушк нашудааст.
Муҳандис Сомӣ Анқовӣ, мудири (абҳоси) таҳқиқоти Ҳаҷ мегуяд: Мо дар ҳангоми тавсеаи ҷадиди Ҳарам машғули ҳаффории чоҳи Замзам будем. Ҳарчӣ он обро бо насос кашида берун мекардем, боз ҷӯшиши об бештар мешуд. Ночор шудем се насоси бузург барои холӣ кардани об насб кардем (часпонидем), то ин ки битавонем асоси онро поярезӣ кунем, аз сарчашмаҳои аслии Замзам намуна бардоштем, то озмоишҳои лозимро ба амал оварем, ки оё ҳовии (дарбаргирандаи) микроб аст, ё не? Бинобар ин ба ин натиҷа расидем, ки холӣ аз микроб мебошад ва як адад микроб ҳам дар он наёфтем. Пок ва тамиз аст, вале гоҳе авқот ҳангоми истифода аз оби Замзам дар голун ё далв рехта мешавад, ё аз канали лулакашӣ убур мекунад, имкони олӯда шудан дорад. Аммо худи об дар зоти худашт ҳеч гуна олӯдагӣ ё микроб надорад ва ин вижагии оби Замзам аст[10].
2- Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст.
Ин бахше аз ҳадиси Паёмбар (с) аст, ки дар саҳифаҳои гузашта зикр намудем.
3- Оби Замзам бавасилаи амини ваҳй ҳазрати Ҷибриил (а) барои нӯшидани Паёмбари гиромӣ ҳазрати Исмоъил (а) ошкор шудааст.
4- Оби Замзам дар муқаддастарин сарзамин ва дар канори хонаи Худо, дар ҳарами Маккӣ, назди рукн ва мақом ҷӯшидааст.
5- Оби Замзам, обе аст, ки қалби мутаҳҳари Мустафо (с)-ро бо он шустушӯ додаанд.
Анас ибни Молик (р) мегуяд: Расули Худо (с) (дар даврони кӯдакӣ) бо кӯдакон мешғули бозӣ буд. Ҷибриил (а) омад, ӯро гирифт ва хобонид, сипас синаашро шикофт... онгоҳ онро бо оби Замзам, дар ташти тиллоӣ шустушӯ дод...[11].
Ҳамчунин дар воқеаи Исро ва Меъроҷ, қалби поки Расули Худо (с) бо оби Замзам шустушӯ дода шудааст. Дар ҳадис омадааст: "... Ҷибриил (а) омад, онгоҳ синаамро шикофт, сипас бо оби Замзам шуст..."[12].
6- Оби Замзам аз оятҳои байинот (нишонаҳои возеҳу равшан) ва муъҷизаи илоҳӣ дар ҳарами Маккӣ мебошад, ки аз замони ҳазрати Исмоъил (а), то кунун ин чоҳ ҷараён дошта, ва соле садҳо нафар аз он баҳрабардорӣ мекунанд.
7- Оби Замзам, обе аст, ки Расули Худо (с) оби даҳони муборакашро дар он андохта ва ба баракати он афзӯда шудааст.
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегуяд: "Расули Худо (с) канори чоҳи Замзам ташриф оварданд, пас далви (сатили) оберо барои эшон кашидем, нӯшиданд, сипас дар он об даҳон андохтанд, онгоҳ мо он обро бар чоҳи Замзам рехтем..."[13].
Дар ривояти дигар: "Онгоҳ нӯшиданд ва мазмаза карданд, сипас оби даҳони худро дар далв андохтанд, онгоҳ дастур доданд онро даруни чоҳ бирезанд"[14].
Воил ибни Ҳуҷр мегуяд: "Далве аз оби Замзам, хидмати Расули Худо (с) оварда шуд. Пас мазмаза (обро дар даҳон) карданд, онгоҳ оби даҳонро дар он андохт, (сипас дар чоҳ рехт)[15] аз бӯи мушк хушбӯйтар буд,[16] (бӯи мушк аз он бархост)"[17].
Ва дар ривояти дигар омад: "Пас нӯшиданд, сипас вузӯ гирифт ва мазмаза кард, онгоҳ дар далв рехт..."[18].
Пас баракат ва хосияти оби даҳони мубораки Расули Худо (с) бар баракат ва хосияти Замзам афзӯдааст.
8- Оби Замзам ғизое (таъоме) барои гурусна аст, Худованд ин вижагиро дар оби Замзам қарор додааст, ки гуруснаро сер мегардонад ва ҷои ғизоро мегирад. аз достони Ҳоҷар ва Исмоъил (а) чунин мефаҳмем, ки Худованд ин оби муборакро ғизо ва оби онон қарор додааст.
Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегуяд: Дар ҳадис зикр шуда, ки Ҳоҷар бар ҳамон ҳоли худаш буд, то ин ки корвоне аз қабилаи Ҷурҳӯм аз онҷо гузар карданд... аз ин дониста мешавад, ки Ҳоҷар бо оби Замзам худро тағзия менамуд ва ӯро аз ғизо ва об бениёз мекард[19].
Ва дар достони мусалмон шудани Абузарр омадааст, ки вай ба муддати якмоҳ дар Макка миёни пардаи Каъба пинҳон буд ва мехост, ки бо Паёмбари Худо мулоқот кунад. Ва дар ин муддат фақат аз оби Замзам менӯшид. Абузарр (р) мегуяд: Расули Худо (с) бо ёраш омад ва ҳаҷару-л-асвадро истилом кард, сипас хонаи Каъбаро тавоф намуд, онгоҳ намоз хонд, ҳангоме, ки аз намозаш фориғ шуд, арз кардам: Ассалому алайкум ё Расулаллоҳ. Фармуд: "Ва ъалайка ва раҳматуллоҳ", сипас фармуд: "Чӣ касе ҳастӣ"? Арз кардам: Аз қабилаи Ғиффор... сипас фармуд: "Аз чӣ муддат ту дар ин ҷо будӣ?", арз кардам: Аз 30 шабонарӯз, фармуд: "Чӣ касе ба ту ғизо медод?". Арз кардам: Ғизое ҷуз оби Замзам надоштам ва чунон чоқ ва фарбеҳ шудаам, ки гушти шикамам аз фарбеҳӣ рӯи ҳам хамидааст. Ва ҳеч асаре аз гуруснагӣ дар баданам эҳсос намекунам. Фармуд: "Оре, он оби мубораке аст ва он ғизое барои гурусна аст"[20].
Дар Зоду-л-маод омадааст: Ман касеро дидам, ки аёми зиёде тақрибан як моҳ ва ним ё бештар фақат бо оби Замзам тағзия менамуд. Ва аслан эҳсоси гуруснагӣ намекард ва ҳамроҳ бо соири (дигар) мардум тавоф мекард ва ба ман гуфт: Гоҳе авқот то чиҳил рӯз ба ҳамин боқӣ мемонам[21].
9- Оби Замзам шифои ҳар дарде аст
Худованди бузург дар ин оби муборак хосияти шифобахшро қарор додааст. Пас касе, ки ба нияти шифо ин обро бинӯшад, Худованди таборака ва таъоло ӯро аз ҳар беморӣ шифо мебахшад. Дар ҳадис гузашт, ки: "Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст, ғизое барои гурусна ва шифои беморӣ аст".
Абу (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: "Замзам ғизое барои гурусна ва шифои беморӣ аст"[22].
Ва дар дунболаи ҳадиси Абузарр, ки имом Муслим ривоят кардааст: "Иннаҳо муборакатун, иннаҳо таъому туъмин". Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегуяд: Таёлисӣ афзӯдааст: "Ва шифоу суқмин", (Ва шифои ҳар бемор аст)[23].
Лафзи ҳадис: "шифоу суқмин" шифои беморе аст, ҳар бемореро шомил мешавад.
Ва ҳамчунин ҳадисе, ки Ибни Аббос аз Расули Худо (с) ривоят намуда: "Замзам барои он чизе аст, ки нӯшида шавад, агар барои талаби шифо нӯшидӣ, Худованд туро шифо мебахшад..."[24].
Ҳазрати Расули Худо (с) оби Замзамро ба беморон медод ва бар онон мепошид[25]. Саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Аббос (р): Оби Замзамро барои шифо аз ҳар дарде менӯшид ва чунин дуо менамуд: "Аллоҳумма инни асъалука ъилман нофиъан ва ризқан восиъан ва шифоан мин кулли доин"[26].
Имом ибни Қаим мегуяд: "Ман истишфо (талаби шифо кардан) бо оби Замзамро озмӯдаам ва барои бемориҳои мухталифе нӯшидаам, бо фармони Худо шифо ёфтам"[27].
Одоби нӯшидани оби Замзам.
Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст ва нӯшидани он одобе дорад:
- Мустаҳаб аст, ки дар оғоз "Бисмиллоҳ" бигуяд.
- Бо дасти рост бинӯшад.
- Истода ва рӯ ба қибла бинӯшад[28].
- Ҳангоми нӯшидан ният дошта бошад.
- Бо се нафас (кашидан) бинӯшад.
- Баъд аз нӯшидан "Алҳамду лиллоҳ" бигуяд.
- "Тазаллуъ" (Бисёр нӯшидан), яъне: Онқадар бинӯшад ва сероб шавад, то онки об ба азлоъ (қабулғаҳо) бирасад.
Фоидаҳои нӯшидани оби Замзам
Оби Замзам дорои фавоиди бисёре аст ва аз онҷо, ки беҳтарин оби рӯи замин аст, бояд онқадар нӯшид, ки сероб шуд. Аз фавоиди оби Замзам ин аст, ки хастагиро аз байн мебарад, мушоҳида мекунем, ки ҳуҷҷоҷ баъди тавоф ва хастагӣ ҳангоме, ки оби Замзамро менӯшанд, эҳсоси хастагӣ аз онон дур мешавад ва фаъолтар мешаванд.
Ҳамчунин аз дигар фавоидаш ин аст, ки сабаби тақвияти бадан, бахусус зонӯ ва мафосил мегардад. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегуяд: "Ҳеч касе наметвонист дар давидан аз аҳли Макка сабқат биҷӯяд ва ҳар кас бо онон куштӣ (гуштӣ) мегирифт, ӯро ба замин меандохт. Аҳли Макка ҳеч гоҳ дучори зонӯдард намешуданд. То ин ки аз оби Замзам рӯй гардон шуданд, онгоҳ беморӣ ба поҳояшон сироят кард ва нотавон шуданд"[29].
Ва ҳамонгуна, ки дар ҳадис омадааст: "Оби Замзамро барои ончӣ ки нӯшида шавад, мебошад", дар зиндагиномаи бисёре аз уламои машҳур навишта шуда, ки онон оби Замзамро барои илми фаровон ва ҳофизаи қавӣ нӯшидаанд ва ба муродашон расидаанд. Пас барои ҳар мақсаде ва муроде, ки оби Замзам нӯшида шавад ба изни Илоҳӣ он мурод ва мақсуд бароварда мешавад, валекин ба ният ва ихлоси шахс бастагӣ (вобастагӣ) дорад.
Оби Замзам беҳатарин туҳфае аст, ки аз Макка оварда мешавад ва беҳтарин ҳадияе, ки ба меҳмон дода мешавад.
Аз асрори оби Замзам
Аз асрор ва муъҷизаи Илоҳӣ дар оби Замзам ин аст, ки дорои нерӯ (қувва) ва маъодини (маъданҳои) бисёре аст ва дарсади (фоизи) болое аз хлориди судиюм дорад, ки ба 18% мерасад. Ва ин сабаб мешавад, ки ҳангоми нӯшидан каме эҳсоси намакин будан дошта бошад, вале бо ин вуҷуд шахсе, ки менӯшад, дар он ҳангом ҳеч гуна шур ва намакин буданро эҳсос намекунад.
Замзам чунон таркиби хосе дорад, ки бо мурури замон ҳаргиз мазза ва ранг ва бӯяш тағйир намекунад ва ҳеч гуна микроб ва бактерия ба он роҳ надорад.
Шигифтиҳои (аҷоиботи) оби Замзам
Ҳарчанд, ки бархе кӯшиш намудаанд, ки обҳои маъданӣ шабеҳи (монанди) таркиботи оби Замзам бисозанд, вале тамоми талошҳо ва саъйи онон беҳӯда будааст, зеро ки оби Замзам вижагии (хусусияти) хосе дорад, ки Худованд дар он қарор додааст.
Илм ба исбот расонида, ки оби Замзам бо тамоми обҳои ҷаҳон фарқ дорад, бо вуҷуди дониста шудани бархе аз мукаввинот (унсурҳои созанда) Худованд вижагии хосе дар он қарор дода ва сирре дар он нуҳӯфтааст, ки ба он пай набурдаанд. Доктор Муҳаммад Иззат Маҳдӣ устоди илми заминшиносӣ дар институти таҳқиқоти зистшиносии донишгоҳи Айну-ш-шамси Қоҳира, тайи таҳқиқоте, ки дар солҳои ахир анҷом додааст, ба ин натиҷа расида, ки оби Замзам вижагиҳое мунҳасир ба фард дорад, ки онро аз соири (дигар) обҳои ҷаҳон мумайяз (фарқкунанда) мегардонад.
Бархе аз вижагиҳое, ки ба он ишора намуда иборат аст аз инки:
Оби Замзам ҳаргиз бадбӯ ва гандида намешавад, мазза, ранг ва бӯи он ҳаргиз тағйир намекунад ва шабеҳи асал мебошад, ки авомили об ва ҳаво бар он таъсир намегузорад. Баръакс тамоми обҳои дигар, монанди оби наҳр, дарё, борон ва обҳои зеризаминӣ ва сабаби он низ ба таркибот ва унсурҳои шимиёии (химиявии) он бармегардад, ки монеъи рушд ва фаъолияти микроб ва бактерия ва қорчҳо мешавад.
Афзун бар он (илова бар ин) оби Замзам беҳтарин ва азимтарин оби маъданӣ аст, ки дар сатҳи ҷаҳон барои илоҷ ва шифо аз он истифода мешавад.
Аз асрор ва шигифтиҳои (аҷоиботи) дигари Замзам ин аст, ки бо вуҷуди инки дорои амлоҳи (намакҳои) зиёде аст, таъми он ширин аст ва ҳангоми нӯшидан шур буданаш эҳсос намешавад, агар ин нисбат амлоҳе, ки дар оби Замзам вуҷуд дорад дар оби дигаре вуҷуд медошт, ҳаргиз қобили шурб набуд[30].
Оби Замзам дар озмоишгоҳҳои (лабараторияҳои) ҷаҳонӣ
Оби Замзам муъҷизаи Илоҳӣ аст, ки солона беш аз садҳо ҳазор нафар аз он менӯшанд, дар соли 1971-и мелодӣ дар замони ҳукумати малик Файсал Подшоҳи Арабистон, як пизишки (духтури) мисрӣ чунин иддао намуд, ки оби Замзам барои ошомидан муносиб нест, зеро ки Каъба дар гудӣ ва поинтар аз сатҳи дарё (баҳр) ва дар маркази Макка воқеъ шудааст. Бинобар ин фозилобҳои Макка ҳама ба сӯи чоҳи Замзам сарозер мешавад ва онро олӯда месозад.
Пас ҳангоме, ки шоҳ Файсал аз ин мавзуъ огоҳ шуд, било фосила дастур дод, то вазорати кишоварзӣ ва манобеъи обӣ намунае аз оби Замзамро ҷиҳати озмоиш ва сиҳҳати (дурустии) қобили шурб (нӯшидан) буданашро ба озмоишгоҳҳои Аврупо ирсол намоянд. Ин вазоратхона тасфияхонаҳо ва нерӯгоҳҳои мавҷуд дар Ҷаддаро вазифадор намуда, то ин корро ба анҷом бирасонанд. Ва муҳандис Муъинуддин Аҳмад, ки ба унвони муҳандиси шимӣ (инжинери химиявӣ) корманди вазорати Кишоварзӣ буд, муваззаф гардид, ки ин амрро ба анҷом бирасонад.
Муҳандис Муъинуддин мегуяд:
Ба хотир дорам, ки он замон ҳеч тасаввуре роҷеъ ба ин ки оби чоҳ мумкин аст ба чӣ сурат бошад-ро надоштам... ҳангоме, ки ба чоҳ расидем, бароям мушкил буд бовар кунам, ки ин чоҳ, ки ба андозаи як ҳавз буд, ва абъоди (буъдҳо) дар ҳудуди 18 дар 14 фут (ченаки масоҳат) дошт ва ҳарсола ҳоҷиён ба андозаи миллионҳо голун об аз он бардошт мекунанд, ҳамон чоҳе аст, ки қарнҳо пеш дар замони ҳазрати Иброҳим (а) бавуҷуд омадааст. Таҳқиқотамро бо андоза гирифтани абъоди чоҳ шуруъ кардам. Сипас аз дастёрам хостам, то умқи (чуқурии) чоҳро ба ман нишон диҳад. Вай ибтидо ғусли вуҷуд ва татҳир (таҳорат ва ғусл) намуд, сипас ба дохили чоҳ рафт ва истод. Сатҳи оби чоҳ дуруст то болои шонаҳояш буд. Сипас барои ёфтани ҳар гуна маҷро ва лулае, ки обро ба дохили чоҳ биёрад, аз як тараф ба тарафи дигари чоҳ рафт, вале муваффақ ба ёфтани ҳеч маҷрое нашуд. Фикри дигаре ба зеҳнам расид, ва он инки мо метавонистем ба василаи насоси бузурге, ки дар чоҳ насб шуда буд, ва барои захира кардани оби Замзам дар махзан мебуд, обро ба суръат канор бирезем (обро аз он бикашем), бадин сурат умқи оби мавҷуд дар чоҳ кам мешавад ва метавонистем маҷрои духули обро мушоҳида кунем. Вале тааҷҷубовар буд, ки дар замони бо насос кашидани об, чизе мушоҳида накардем, аммо ман ба масъалае воқиф будам, ки ин равиши роҳи ҳалли ёфтани вуруди об ба чоҳ аст. Лизо тасмим гирифтем дубора ин марҳиларо такрор намоем, вале ин бор ба дастёрам гуфтам, ки дар як ҷо биистад ва бо диққат ҳар иттифоқе ғайримаъмулро дар назар бигирад. Ӯ пас аз муддате дастонашро баланд кард ва фарёд зад: Алҳамду лиллоҳ, ёфтам. Сипас гуфт: Дар бистари чоҳ ҳаракати шинҳо дар зери поям, маконеро, ки об аз он таровиш мекунад, эҳсос мекунам. Онгоҳ ӯ дар атрофи чоҳ қадам зад ва ҳамон падидаро ҷой-ҷойи чоҳ эҳсос намуд. Дар воқеъ таровиши об ба чоҳ ба таври якнавохт дар ҳар нуқта аз бистари он вуҷуд дошт ва боъис мешуд, то сатҳи об собит бинамояд.
Муҳандис Муъинуддин меафзояд:
Пас аз такмили мушоҳадотам намунаҳое аз оби чоҳро ҷиҳати анҷоми озмоишот дар озмоишгоҳҳои Аврупоӣ бардоштем ва қабл аз тарки Макка, пурсишҳоеро дар мавриди дигар чоҳҳои мавҷуд дар атрофи Макка аз мақомоти масъул намудем. Онҳо изҳор доштанд, ки тамоми он чоҳҳо тақрибан хушк ҳастанд. Пас аз муроҷиат ба дафтарам дар Ҷидда ёфтаҳои хешро барои мудирам бозгӯ намудам ва ӯ низ бо алоқа ба онҳо гуш медод.
Натоиҷи озмоишот баамаломада бар рӯи намунаҳои оби Замзам дар инҷо ва Аврупо тақрибан яксон буд. Ва танҳо ихтилофи мушоҳида шуда байни оби Замзам ва дигар обҳо дар миқдори калсиюм ва магний он аст, ки ин миқдор дар оби Замзам каме бештар буда ва шояд бадин иллат бошад, ки ин об боъиси рафъи хастагии ҳоҷиён мегардад. Аммо нуктае, ки бештар ҳоизи аҳамият мебошад ин аст, ки ин об муҳтавои флорид ва дорои хосияти микробкуши қавӣ мебошад. Илова бар ин натоиҷи озмоишот баамаломада дар Аврупо нишон медиҳад, ки ин об барои ошомидани бисёр муфид аст. Аз ин рӯ изҳори доктори мисрӣ комилан рад шуд.
Ҳангоме, ки натоиҷи озмоишот ба шоҳ Файсал гузориш шуд, вай бисёр хурсанд гардид ва дастур дод, ин матлаб дар матбуоти Аврупо мунъакис гардад.
Дарҳол ин масъала мавҳибате шуд, то аз тариқи ин таҳқиқот ба таркиботи шимиёии оби Замзам пай бибарем ва дар ҳақиқати ҳарчӣ бештар роҷеъ ба оби Замзам таҳқиқ намоед шигифтиҳои бештареро дар он мушоҳида хоҳед кард. То онҷо, ки худ ба иъҷози он пай хоҳед бурд. Обе, ки Худованд ба унвони ҳадия ба муъминоне, ки аз дурдаст барои зиёрат ба ин биёбон мушарраф мешаванд, арзонӣ доштааст.
Дар инҷо бархе аз вижагиҳои оби Замзамро ба иҷмол (мухтасар) баён мекунам:
- бо вуҷуди истифодаи мудовим аз оби Замзам, то ба ҳол ин чоҳ хушк нашудааст.
- оби ин чоҳ аз замони бавуҷуд омадан, то ба ҳол дорои таркиботи маъдании яксон будааст.
- ба гуфтаи зоироне, ки барои маносики ҳаҷ ва умра ба хонаи Худо мушарраф шудаанд ва аз ин об нӯшидаанд, изъон доштаанд, ки ошомидани ин об боъиси шодмонӣ ва рафъи хастагӣ дар онон гардидааст.
- ин об дар нуқоти мухталифи дунё озмоиш шуда ва дорои тақозои болое дар сатҳи ҷаҳон мебошад.
- ҳеч гуна таркиботи шимиёӣ (химиявӣ) ва ё кулур (хлори) ҷиҳати зидди уфунӣ (бадбӯӣ) ба ин об изофа нашудааст.
Бар хилофи чоҳҳои дигар ҳечгуна рушд ва зиндагии гиёҳе ва ҷонваре дар ин чоҳ вуҷуд надорад, бовуҷуди он, ки ин мазуъ худ боъиси таъми бад ва бӯи номатбуъи об мегардад, аммо оби Замзам бадингуна намебошад[31].
Илоҷ бо оби Замзам
Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст ва Расули Худо (с) онро шифои беморӣ номидаанд ва Расули Акрам (с) оби Замзамро бар рӯи беморӣ мерехт ва ба онон менӯшонид.
Ибни Қайим (р) дар Тибби набавӣ мегуяд:
Ман истишфо бо оби Замзамро озмӯдам, ва барои бемоиҳои мухталифе нӯшидаам ва бо фармони Худо шифо ёфтаам[32]. Дар Макка дар аёме бармегузашт, ки дар онҷо бемор гаштам ва ҳеч гуна даво ва тибберо наёфтам, пас бо сураи Фотиҳа ва оби Замзам худро мудово (илоҷу даво) намудам, бадин сурат, ки оби Замзамро бармедоштам ва чандин бор сураи Фотиҳаро бар он мехондам, сипас менӯшидам, бинобар ин бо он беҳбудӣ ва шифои комил ёфтам, баъд аз он барои хеле аз бемориҳо бар он эътимод мекардам ва беҳтарин фоида аз онро медидам[33].
Саргузашти хонум Лайло Ҳулв Мағрибӣ, ки ба бемории саратон мубтало буд, ва пизишкон аз муолиҷааш нотавон шуда буданд, машҳур ва маъруф аст, ки ба василаи оби Замзам комилан шифо ёфт. Ҳикоят комили он дар китобҳо ва рӯзномаҳо навишта шуда ва ҳамчунин дар сайтҳо зикр шудааст. Ва навори косет бо садои худаш низ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин даҳҳо афроди дигар, ки аз бемории заъфи биноӣ ё дарди гурда ва ғайра ранҷ мебаранд, бо оби мубораки Замзам шифоёб шудаанд.
Аз он ҷое, ки Расули Худо оби Замзамро шифои дард ва беморӣ номидаанд, ба ағлаби бемороне, ки ба банда муроҷиа мекарданд, нӯшиданди оби Замзамро тавсия менамудам ва аксаран низ натиҷаи матлубе медоданд. Бахусус беморие буд, ки аз санги гурда ранҷ мебурд ва пизишкон барояш амали ҷароҳӣ тавсия карда буданд. Алҳамду лиллоҳ, бо оби Замзам ва доруҳои тибби набавӣ, Худованд ба вай шифо бахшид.
Ва ҳамчунин зан ва марде, ки аз ақм ва нозоӣ шикоят доштанд, ба фазли Худовандӣ бо оби Замзам ва касрати истиғфор ва таҷвизи чанд доруе аз тибби набавӣ, дорои неъмати фарзанд гардиданд.
Д. Ҳусайн Т. Г.
[1] Ибни Касир. Бидоят ва ниҳоят, 1/221-224. Торихи табарӣ, 1/152-155. Фокиҳӣ, Ахбори Макка, 2/6.
[2] Фокиҳӣ. Ахбори Макка, 1/13. Азрақӣ. Ахбори Макка, 2/44. Ибни Касир. Ал-Бидоят ва а-н-ниҳоят, 2/321.
[3] Фокиҳӣ. Ахбори Макка, 1/61. Азрақӣ. Ахбори Макка, 2/74. Соиди Бекдош. Фазлу моу Замзам. саҳ.36.
[4] Яҳё Кушак. Замзам, саҳ.61. Соиди Бекдош. Фазлу моу Замзам. саҳ.37.
[5] Р. К. Фазлу мои Замзам, саҳ. 41. Субул ал-ҳудо, 1/185. Фокиҳӣ. Ахбори Макка, 2/68.
[6] Муслим. Саҳеҳи Муслим, 2473, ҷузъи ҳадис аст
[7] Табаронӣ. Муъҷамуссағир, 11167. Ва Авсат 3912.
[8] Табаронӣ. Муъҷамуссағир, 295. Байҳақӣ. Сунан ал-Кубро, 5/147.
[9] Ҳоким. Дар Мустадрак, 1/643. Дору Қутнӣ. Сунан, 2/289.
[10] Моу Замзам муъҷизот ва асрор, саҳ.55.
[11] Муслим. Саҳеҳи Муслим, 261.
[12] Бухорӣ. Саҳеҳи Бухорӣ, 349. Фатҳу-л-борӣ, 1/460 ва 13/481.
[13] Имом Аҳмад, 1/372. Иснодаш саҳеҳ мебошад.
[14] Азрақӣ. Ахбори Макка, 2/53. Ба сурати мурсал омадааст. Табаронӣ. Муъҷами кабир, 10972. Насбу-р-роя, 3/99.
[15] Аҳмад. Муснад, 4/315. Табаронӣ. Муъҷами Кабир, 22/51.
[16] Аҳмад. Муснад, 4/318. Ибни Моҷа, 659. Ҳасан мебошад.
[17] Аҳмад. Муснад, 4/318. Ибни Моҷа, 659. Ҳасан мебошад.
[18] Ҳумайдӣ. Муснад, 886.
[19] Фатҳу-л-борӣ, 6/403.
[20] Муслим. Саҳеҳи Муслим, 2473.
[21] Зодулмаод, 4/356.
[22] Мунзирӣ. Тарғиб ва тарҳиб, 2/209, ба ривояти Баззор.
[23] Фатҳу-л-борӣ, 3/493.
[24] Ҳоким. Мустадрак, 1/646. Дору Қутнӣ. Сунан, 2/289.
[25] Фокиҳӣ. Ахбори Макка, 2/49. Байҳақӣ. Сунуни Кубро, 5/202.
[26] Ҳоким. Мустадрак, 1/473.
[27] Зодулмаод, 4/320.
[28] Фуқаҳо дар бораи нӯшидани Замзам ба ҳолати нишаста ва ё истода ихтилофи назар доранд, ва роҷеҳ ин аст, ки нишаста ва истода ҳарду ҷоиз аст.
[29] Фокеҳӣ. Ахбори Макка, 2/46.
[30] Моу Замзам асрор ва муъҷизот, саҳ.24.
[31] Моу Замзам муъҷизот ва асрор, саҳ.26.
[32] Тибби набавӣ, саҳ. 393.
[33] Тибби набавӣ, саҳ. 178.
Таҷдиди охирон (15.11.26 11:54)








